БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИР ВА АЗНАВСОЗӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тозаю зебо гардонидани маҳалли зист, кӯчаю хиёбон ва атрофи ташкилоту муассисаҳо, хамзамон сазовор таҷлил кардани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қисми мустақили 12-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Левакант ба корҳои аз навсозӣ ва таъмир фаро гирифта шуд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз рафти кори сохтмончиён дидан намуда, ба кори онҳо баҳои баланд дода, ин иқдоми саховатмандиро саривақтӣ ҳисобида, иброз доштанд, ки ҳар шахси ватандӯст бояд баҳри ободӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ саҳми арзандаи хешро гузорад.

Дар рафти суҳбат аз тарафи сохтмончиён гуфта шуд, ки рафти таъмир бо сифати баланд бо шароити хубу замонавӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ба итмом расонида ба истифода дода мешавад.                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg