КӮЛОБ. Тибқи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ марҳилаи нимниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардида истодааст.
Дар ин росто, дирӯз дастаҳои “Чармгар”-и маҳаллаи Чармгарони поён ва “Борбади”- маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб бо ҳам сабқат намуда, дар натиҷа бо ҳисоби 4 бар 6 бозӣ ба фоидаи дастаи “Борбад” хотима ёфт.