КӮЛОБ. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат даври ҷумҳуриявии маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар озмуни мазкур аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хонандаи Литсейи №1-и ба номи И. Сомонии шаҳри Кӯлоб Бобоева Мунира иштирок намуда, дар натиҷа миёни хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сазовори ҷойи 1-ум гардид.
Мақсад аз барузории озмуни мазкур ҳифзи ҳуввияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, ҷавононро дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофотҳои сиёсӣ дар замони муосир тарбия менамояд.