БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАВАНДИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

КӮЛОБ. Мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати сохтмони асосии минтақаи Кӯлоб” дидан намуд.

Зимни боздид масъули ҳизбӣ ба раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр  шинос шуда, баҳои баланд доданд ва  инчунин таъкид намуданд, ки минбаъд низ ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот  тибқи Оиннома ва Барномаи   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамарӯза бо мақсади расонидани ёрии методӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  дидан намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид ва саривақтӣ медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg