
ДӮСТӢ. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи деҳаву кӯчаҳои ноҳияи Дӯстӣ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардида истодааст.
Чунин чорабинии фарҳангӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Панҷрӯд"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, ки сокинонаш туркмензабон мебошанд, бо иштироки аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва сокинони деҳа гузаронида шуд.