БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«ДАҲАИ ТАНТАНАҲО» ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ДАНҒАРА.  Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ зери унвони  “Даҳаи тантанаҳо”  бо иштироки намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҳизбӣ, собиқадорон дар Маркази фароғатии “Хуррамшаҳр” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша, аъзои ҳакамон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад аз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан намуда, ба ҳунару маҳорати иштирокчиёни ин чорабинӣ баҳои баланд доданд. 

Дар охири чорабинӣ Файзиддинзода Бунафша дар мавзӯи 30 - соли дастовардҳои Истиқлолият  суханронӣ намуда, ғолибонро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg