ДАНҒАРА. Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз санаи 18 то 20 августи соли 2021, даври ҷумҳуриявии - озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ Нақши китоби “ Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10 - 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он Юсупов Муборакшо донишҷӯи курси 2 - юми Донишгоҳи давлатии Данғара иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи 3 - юм гардид, ки бо Дипломи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ифтихорномаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардид.