ВОСЕЪ. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Восеъ дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ҳашари дастаҷамъона таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузор кардани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаю озода нигоҳ доштани симои ноҳия мебошад.