ВОСЕЪ. Дирӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо собиқадорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Кори ҷамъомадро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ кушода, доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баромад намуд. Сипас, аз рӯи тартиб собиқадорон баромад намуда, ҳамаи дастовардҳоро сарҷамъи мардуми Тоҷикистон маънидод намуданд, дар рафти чорабинӣ бо 4 нафар аъзои нав билети ҳизбӣ ва ба собиқадорон Сипоснома ва туҳфаҳо дода шуд.