БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“ДАҲАИ ТАНТАНАҲО” БАРГУЗОР ГАРДИД

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  зери унвони "Даҳаи тантанаҳо" дар шуъбаи Маорифи ноҳия бо фарогирии аъзои ҳизб аз Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чорабинии татанавӣ баргузор гардид.

Сараввал масъулин  аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ дидан намуда, сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат ва раисони якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба сухан баромада, аз омодагиҳо ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ободонии деҳаю маҳал, пешравиҳои ташкилотҳо ва дастовардҳои даврони Истиқлол ибрози ақида намуданд. Инчунин, ҳозиринро бо ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таманнои сарбаландию саодатмандӣ ва сиҳатию хушрӯзгорӣ карданд.

Дар фарҷом ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ба аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg