БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

Ҳар ки хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

АНДЕША. Барҳақанд, ин мисраҳои шоири шаҳир Шайх Аттор. Ятимон, бахусус тифлакони ятим касонеанд, ки дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда. Барои онҳо гарчанде шароити хуб муҳайё бошад ҳам, ҳаёт маъное надорад. Зеро онҳо аз меҳру навозиш ва парастиши волидайн  баҳраманд нестанд.  Меҳри падару модарро ба фарзанд ҳеҷ гоҳ касони дигар дода наметавонанд. Зеро навозиши волидайн гарму самимӣ буда, ба фарзанд неру ва қувваи бемисл мебахшад, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад.

Ятимонро дастгирӣ кардан, хотирашонро болида сохтан кори хеле савоб аст. Азбаски ин амал аз ҷониби Худованд ба бандагон барои иҷроиш  фармуда шудааст, дар номаи аъмоли онҳо навишта мегардад. Шахсоне, ки доим ятимонро ғамхору дастгиранд, гӯё некии бузурге дар назди Парвардигор ба ҷо овардаанд, ки бо ин дар ду дунё осоишу хушҳолӣ насибашон хоҳад гашт.

Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доиман ғамхору дастгири ятимон буда, дар ҳаққи онҳо заҳматҳои зиёд мекашанд ва ҳеҷ гоҳ онҳоро хору зор шудан намемонанд. Барои ятимон тамоми шароитҳоро муҳайё сохта, онҳоро соҳибмаълумоту соҳибкасб мегардонанд, то ки онҳо ятимӣ ва бекасии худро эҳсос накарда, қалбашон аз зиндагӣ сард нагардад ва дар оянда шахсони шоиста ва барӯманди диёр шуда, ба халқу кишвари хеш хизмат намоянд.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg