БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИТНААНДОЗӢ, ДУРӮҒБОФӢ МЕТАВОНАД КАСБ БОШАД?

ВОКУНИШ. Дар ҷомеъаи имрӯза метавон бо шахсоне вохурд, ки баҳри пайдо кардани “нуфузу обрӯ” ва ё як луқма нон қодиранд, аз баҳри тамоми муқадассот; “ Ватан, модар, дин, мазҳаб, виҷдон”, ба осонӣ гузаранд. Албатта, ризқу рузиро метавон бо тамоми корҳои зишт пайдо намуд, аммо  боварию эътиқоди мардумро наметавон бо фитнаандозӣ, дуруғбофӣ, ғаразӣ шахсӣ, ва дигар амалҳои фармоишӣ ба даст овард. Инсоне, ки фикр мекунад ҳама чизро медонад, вай худашро фиреб медиҳад, зеро ҳеҷ як олиму, ихтироъкору, шайху мулло наметавонад ҳама чизро донад, чун донистани ҳама чиз танҳо хосси Яздон аст. Аммо як гуруҳ “шағолон” дар симои одамӣ имрӯз гумроҳсозию нооромкардани вазъи кунии Тоҷикистонро ҳадаф ва касбӣ модарзодии худ қарор дода, пайваста дар паи амали гардонии он ҳастанд. Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин,  Ҳусейн Ашуров, Шарофиддин Гадоев, Салмон Холиқов ва як чанд нафарӣ дигар аз ҳаммаслаконӣ эшон, ки худро  сарсупурдагони роҳи ҷаҳолат  намудаанд, мехоҳанд бо пахши барномаҳои бофтаву сохтае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳанд, худро “ғамхори миллат, таҳлилгар, наҷотбахш, мушкилкушо, сиёсатшинос” нишон диҳанд. Аммо зери ин ниқобҳои ивазшавандаи ҳар лаҳзаинаи  худ, мехоҳанд мардуми шарифи Тоҷикистонро бо истифода аз ҳар мушкилии ҳалшавандаи рӯз ба шур андозанду вазъи сиёсии ватани азизамонро ноором созанд. Бо тамошои барномаҳои  афроди харидашуда, метавон дарк намуд, ки мактаби “ҷонам аз тӯ эй хоҷа, виҷдонам аз тӯ эй хоҷа” – ро ин толибони роҳи “ҳақ” бо баҳои аъло хатм кардаву, ҳамчун  кадрҳои “содиқ” ба “ҳазратон”- и худ хидмат карда истодаанд. Бо шантажи ҳар як мушкилоти рузммараи мардум барнома сохтаву, нисбати роҳбари давлат ва дигар кормандони соҳаҳои гуногуни мақомотҳои қудратии кишвар ғайбату буҳтонҳои беассос мезананд, ки ин амали ноҷавонмардона маҳсуб меёбад. Ин лухтакҳоии дар муд будаи хоҷагони хориҷӣ, бо дидани (просмотр) – и  видеоҳои худ чунин меандешанд, ки ҳамаи тамошобинони онҳо тарафдорашон ҳастанду онҳоро қабул доранд аммо фикри хоме беш нест. Зеро ҳарчанд борҳо аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ илтиҷо кардаву талбидаанд, ки ба видеоҳои онҳо маъқул (класс) гузоранд, аммо ба ҷуз он нафароне, ки ояндаи худро ба сӯи гумроҳи ҳавола дода истодаанд, касе ба онҳо инро раво намебинад.

         Бинобар ин ҷавононе, ки дар барномаҳои ин лухтакони  хориҷӣ иштирок намуда, зидди давлату миллат, роҳбари кишвар, суханҳои носазо мегуянд,   бояд хуб дарк кунанд, ки Ватан аз мост бо ҳама каму косаш, ва ҳеҷ як давлати рӯи дунё наметавонад бе мушкили арзӣ ҳастӣ намояд. Ҳар як насли имрузу оянда набояд фаромуш созад, ки   маҳз бо шарофати ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Тоҷикистон тавонист аз вартаи нестшавӣ эмин бимонад ва ба як давлати зебову рӯ ба траққи табдил ёбад.

Худойдод  Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg