БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ СОЛИМИИ ДАВЛАТ ВА ПОЯНДАГИИ ОНРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷиҳати  иҷрои  дастуру супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунон тибқи барқияи телефонӣ аз 16 августи соли 2021 таҳти №1/2-61, оиди баргузории чорабиниҳои  тантанавӣ  таҳти унвони  “Даҳаи  тантанаҳо” бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   корҳои самарабахшеро ба сомон расонида истодаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ободонии ноҳия ва маркази он, бо инфрасохтор ва иншооти ёрирасон таъмин намудани он диққати махсус дода шуда, таъмири биноҳо, сафолакпӯш намудани роҳравҳо, таъмири  хати об, дигар намудани симои меъмории  шаҳрак  ба роҳ монда шудааст.

Дастгириҳои бевоситаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба соҳибкорони маҳаллӣ,ки бевосита аксарашон узви ҲХДТ мебошанд  рӯҳу  илҳоми  тоза  бахшида, онҳо мекӯшанд дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми худро гузоранд.

Ин аст,ки бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон, раиси  Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ  Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ва намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯбакр Сафарзода  дар деҳаи роҳи “Сотсиализм”-и ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ  бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ  Самандар Ҳақов  як  дорухонаи  тиббӣ  сохта ба истифода дода шуд.

Мувофиқ ба иттилои дастрас бинои мазкур аз 2 ҳуҷра иборат буда, дорои 2 ҷойи кори доимӣ мебошад ва ба сокинони ду маҳаллаи калон ба зиёда аз 500 хоҷагӣ хизмат мерасонад.

Сокинони деҳаи мазкур бар он назаранд, ки дар арафаи иди Истиқлолият орзуи деринаи онҳо амалӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg