БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ТАВАҶҶУҲ БА МАОРИФ, КАФОЛАТ БА УСТУВОРИЮ ОЯНДАИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ АСТ!

А.ҶОМӢ. Ҷиҳати баргузории чорабиниҳои тантанавӣ таҳти унвони “Даҳаи тантанаҳо” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода бо иштироки аъзои кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ва намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯбакр Сафарзода бо мақсади боздид  аз  ҷараёни корҳои сохт­монии  чор синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №13-и ноҳия,ки дар доираи Аксияи ҳизбӣ “Якҷоя месозем!”, ки  бо ибтикори вакилони ҳизбиву соҳибкорони маҳаллӣ  сохта шуда истодааст, сафари  корӣ  анҷом доданд.

Пеша аз ҳама бояд зикр намуд,ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таъкид доштанд,ки дар тарбияи насли оянда  ва ба воя расонидани нерӯи  ватандӯсту ватанпарвар  нақши мактабу  омӯзгор  ниҳоят бузург аст. Ин аст, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мунтазам аз ҳолу аҳволи омӯзгорону хонандагон шиносоӣ пайдо карда, бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизбӣ, соҳибкорони  муваффақи  маҳаллӣ  барои бартараф намудани мушкилот мусоидат менамоянд.

Дар маҳаллаи Обшорони ҷамоати  деҳоти Каленини ­ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода бо ҷараёни сохтмони чор синфхонаи иловагӣ шинос шуда, бо  вакилони маҳаллӣ, соҳибкорони  маҳаллӣ  ва  устодону  сокинони  маҳаллаи мазкур  суҳбат кард. Зимни суҳбат Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода аз иқтибосҳои Пешвои миллат  ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои роҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои созандагию ободонӣ сафарбар намоем. Аҳли нишаст  суханрониҳои   раиси Кумитаи иҷроияи вилоятиро барои ҳидоятҳои созандаву бунёдкорона дар доираи амалишавии Аксияи “Якҷоя месозем!” муҳим арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg