ФАРХОР. Дар доираи таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҷалби волонтиёрон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия шуруъ аз рӯзи 18 - уми август то ин ҷониб ҳамарӯза аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Истиқлолият неъмати бебаҳост” дар ҳудуди ноҳия доир намуда истодаанд.
Имрӯз низ чунин як аксия аз ҷониби ҳизбиён дар Ҷамоати шаҳраки Фархор баргузор карда шуд, ки дар чорабинӣ 600 адад маводи тарғиботӣ дар мавзӯи болозикр ба шаҳрвандон тақсим карда шуд.