БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

ФАРХОР. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ноҳия оиди масъалаҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «Хона ба хона» гардиш доир намуданд.

Масъулин ҳангоми суҳбат бо сардорони оилаҳо иброз доштанд, ки самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ дар шароити имрӯза ба манфиати оила буда, шахс метавонад бо ин роҳ даромади соф ба даст оварад.

Ва дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми босазо гузошта бошад.

Кормандони ҳизбӣ дар масъалаи солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ бо аҳолӣ суҳбат намуда, ба ниёзмандон ниқобҳои тиббӣ дастрас карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg