ПАНҶ. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи "COVID-19" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Наврӯз»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ корҳои фаҳмондадиӣ ба роҳ монда шуд.
Дар корҳои тарғиботӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдоштӣ, алалхусус риоя кардани масофаи иҷтимоӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, безарурат набаромадан аз хона ба шаҳрвандон фаҳмонида шуда, ба онҳо маслиҳату тавсияҳои мушаххас доданд, ки батаҳлука наафтанд ва худро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ эҳтиёт намоянд. Дар охир ба сокинон ниқобҳои тиббӣ, варақаҳои иттилоотӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ дастрас карда шуд.