ҶАЙҲУН. Бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз имрӯз сар карда, бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, дар ноҳияи Ҷайҳун шоҳасари безаволи Академик Бобоҷон Ғафуров- китоби “Тоҷикон” ҳамчун туҳфа бар ҳар як хонадон дастрас шуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки китоби номбурда аз ду қисм ва шаш фасл иборат мебошад, ки дар он ҳодисаҳои таърихии халқи тоҷик ва халқҳои Осиёи Марказӣ аз давраҳои қадим то инқилоби октябр инъикос ёфтааст. Аз ин лиҳоз, барои донистани таърихи гузаштагон ва ҳодисаҳои гузаштаи таърихӣ манбаи асосӣ ба ҳисоб меравад.