БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

КӮЛОБ.  Бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо таҳти унвони “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тудакафш” бо иштироки занону бонувони собиқадор, ҷавонондухтарон ва  кормандони масъули ҳизбӣ баргузор гардид.

Нахуст, Валиева Саъбагул ба сухан баромада, қайд намуд, ки имрӯзҳо мо дар арафаи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор дорем ва мебинем, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аллакай даҳаи тантанаҳо бахшида ба ин ҷашни таърихӣ рафта истодааст.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳое мебошад, ки дар таърихи тоҷикон аз ҷиҳати сиёсӣ ва маънавӣ мислаш назире надорад. 

Дар идомаи суҳбат Мунаввараи Бозоралӣ иброз дошт, ки махсусан, барои мо ҷавонон дар замони истиқлолият тамоми шароитҳо муҳайё гардида, ҳатто дар давлатҳои хориҷи мамлакат барои такмил додани донишу малакаи худ ҷавонон таҳсил карда, баргашта ба Тоҷикистони азизи худ хизмат карда истодаанд.

Дар охир иштирокчиён баромад намуда, зикр карданд, ки мо занону бонувон зери сиёсати бохиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, кӯшиш мекунем, ки ин истиқлолияте, ки бо баҳои хуну ҷон омадаро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg