БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ДАР СИЁСАТИ ИМРӮЗАИ ТОҶИКИСТОН

КӮЛОБ. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо занони фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” суҳбати сарироҳӣ анҷом дод.

Дар аснои суҳбат бо занони фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” Мунаввараи Бозоралӣ зикр намуд, яке аз иқдомҳои беҳтарине, ки дар сиёсати давлтадорӣ ба он диққати ҷиддӣ дода шуд, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аст. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан, инчунин дар ҳама соҳаҳо кору фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти Ватану осоиштагии миллат расонида истидааст.

Дар ин баробар занони фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр изҳор доштанд, ки барои ояндаи дурахшони оилаву тарбияи насли наврас ва ободию пешрафти ҷомеа омодаанд ва пайваста саҳми назарраси хешро дар ба камол расонидани насли наврас ва пешрафти Тоҷикистон азиз мерасонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg