БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ ВА САОДАТУ ОСОИШТАГИИ ҲАР ЯК СОКИНИ КИШВАР

АНДЕША.  Миллати  тоҷик дар  охири  асри  ХХ соҳиби  давлати  мустақили  миллӣ шуд, ки  мо  мардуми  шарифи  Тоҷикистон  30 солагии  онро   ҳамчун  ҷашни  миллӣ  таҷлил мекунем. 

Истиқлолият,  ҳақиқатан ҳам  неъмати  бебаҳои  таърих  ба  мардуми  тоҷик  аст, ки баъди  ҳазорсолаҳо  боз  соҳиби  давлатдории  хеш гардид. Истиқлолият   бузургтарин  ва  муқаддастарин  муваффақияти  давлату  давлатдори халқи  тоҷик  дар  охири  асри  бистум мебошад, ки  пас  аз  пошхӯрии  иттиҳоди  шӯравӣ  дар  қатори  дигар  ҷумҳуриҳои   собиқ  Иттиҳоди  Шӯравӣ бо  вуҷуди  беадолатиҳои  марзӣ, ҳамчун  шакли  давлатдории мутаммадину пешрафта ташкил ва  ташаккул ёфта,  ба  камол  расид.

Тоҷикистон  9 сентябри  соли  1991 Истиқлолияти  давлатии  худро  эълон кард.  Истиқлолияти  комили  Тоҷикистон мебоист  масъулияти ҳамватанони  моро  баҳри  истеҳком   бахшидани  пояҳову  рукнҳои  давлати  соҳибихтиёр меафзуд. Мутаасифона,  дар  Тоҷикистон   дар  ҳамин  давраи  ҳассос  қувваҳои  сиёсие пайдо  шуданд, ки ин  масъулияти  таърихиро  нодида  гирифта, ҳадафҳои  худхоҳонаву ғарзноки  худро  аз  манфиатҳои  умумимиллӣ, давлатӣ боло  гузошта, Тоҷикистони  тозаистиқлолро   ба  гирдоби  талошҳои  сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва  бесарусомониҳо  кашиданд. Ин амалҳои   нопоку фоҷиаҳои  ангехтаашон  рушди  ҷомеаи  тоҷиконро ба  даҳсолаҳо  ақиб  партофт.

Иҷлосияи  таърихии  ХУ1 Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  шаҳри  бостонии  Хуҷанд (16. 11.1992) хушбахтона  пеши  ин  фоҷиаро гирифт, ки дар  асл  оғози  наҷоти  истиқлолияти  Ватан буд.

Имрӯз  миллати  тоҷик ифтихор  аз он дорад, ки  дар  баробари  дигар халқияти олам  ҳуқуқи  овози  баробар  дошта, ҳуввияти  миллии  хешро  дар  арсаи  ҷаҳонӣ  муаррифӣ менамояд.   Воқеан ҳам  вақте,  ки  дар  бораи  Истиқлолият сухан  мегӯем, пеш  аз  ҳама  ваҳдати  миллӣ, сулҳу субот, муттаҳидӣ ва сарҷаъмии  тамоми сокинони  ҷумҳурӣ пеши  назар меояд.  Дар ҳақиқат Истиқлолият  ва  Ваҳдат барои  як халқ,  як миллати  воҳид, барои  мардуми   як  кишввар чун  обу  ҳаво муҳим ва  зарур  аст.

Истиқлолият  ва сулҳу Ваҳдат дар  кишвари  мо  бо  кору  пайкори  меъмори  он  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ -Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон иртиботи  қавӣ  дорад.  Пешвои  миллат дар  ҳар  як суханрониҳояшон  борҳо таъкид  менамоянд, ки :  “Истиқлолияти давлатӣ,  Истиқрори  сулҳ ва  таъмини  ваҳдати  миллӣ, бемуболиға,  яке  аз муҳимтарин дастовардҳои  мо  дар  охири  асри  20 мебошад, ки  ин  аз сиришти  сулҳпарварона   ва ақлу заковати халқи  тоҷик шаҳодат  медиҳад”.  Ҳар як  сокини  кишвар  бояд ин  имконияти  таърихиро бисёр масъулона ва  басо  оқилона истифода  намуда,  истиқлоли  Ватан, ягонагӣ ва  ваҳдати  миллиро ҳамаҷониба  таҳким  бахшида, барои  ҳифзу пойдории он саҳмгузор  бошем. Фаромӯш  набояд, кард, ки  таъмину  пояндагии  Истиқлолият  ва  ваҳдату ягонагӣ барои  мо имрӯз ҳамчун  обу  ҳаво зарур  аст, то  тавонем дар  ҷаҳоне, ки  ҳанӯз ҳам  дар  он қувваҳои  ифротӣ  аз  мақсадҳои  нопоки  худ даст накашидаанд, ин  сарзамини  муқаддасро, ки  онро  ном Ватан  аст ободу  озод нигоҳ  дорем.   Зеро  мо  як  бор  дидем, ки  “роҳбаладон”-и манфиатхоҳ ба  мо  роҳ  нишон  доданду  вале “тушаи  роҳро  надоданд”. Аз  ин бошад, азобу  машақкат ва  хорию зориро мо дидем  ва то  имрӯз эҳсоси он  дардҳоро аз  қалбҳо берун  карда наметавонем.  Аз  ин  лиҳоз имрӯз аз  ҳарвақта  дида  мо бештар бояд талоши ватанхоҳию ватандорӣ дошта  бошем, худшиносу худогоҳ ва  воқеъбину дилсӯз дар  роҳи рушди  минбаъдаи  он  бошем. Дар  хотир  дошта  бошем, ки  сарбаландии  мо  аз ватандории  мост.

Маълум  аст, ки  иддае, аз душманони  миллат  бахусус саркардагони  ҷиноятпешаи  ташкилоти  террористии  ТТЭ   ҲНИ  ки  имрӯзҳо  дар  хориҷи  кишвар  паноҳ  мебаранд, дар  мубоҳисаю  баромадҳои  худ  дар  ВАО ва  шабакаҳои  иҷтимоӣ ҳамарӯза  бо  нақзи Истиқлолияти  давлатӣ,  созишномаи  сулҳ  ва  ризоияти  миллӣ  ҳокимияти    феълиро  гунаҳкор  менамоянд. Ҳол  он  ки  аксарияти  қонуншиканиҳо  ва  ноором  сохтани  вазъи  ҷомеа  аз  ҷониби  аъзо  ва  раёсати ТТЭ ҲНИ коргардонӣ  шудааст.

Ин  душманони  миллату  Ватан оромиву  осудагии  халқро  намехоҳанд ва  албатта, ин  ба  дассисаву фитнаи  хоҷагони  берунаи  онҳо алоқманд аст.   Таърих  гувоҳ , ки  чӣ  гуна  бар  асари  номафаҳмиҳо ва  фитнаву найрангбозии  доираи  муайян ба  сари  сокинони  мамлакат рӯзҳои  сахттарину вазнинтарин- ҷанги   бародаркуш омад.  Бо  касофати  ҷанги  хонумонсӯз  беш  аз  1  миллион нафар  мардум  гуреза  шуд, 157  ҳазор  мардуми  бегуноҳ  кушта  шуд, дар  байни  миллат  ҷудоиандозии  минтақаҳои  кишварро  ба  амал  оварданд.  Ба хоҷагии  халқи  мамлакат зарари  калони  иқтисодӣ  расида, ҳазорҳо  мутахассисони  варзида  ҷумҳуриро  тарк  намуданд.  Бояд  гуфт,  ки  бо  вуҷуди  он, ки  дар  муддати  кӯтоҳ  кишварамон  обод  шуд, оқибатҳои  ногувори  ҷанг  то  ҳол эҳсос  мешавад. Ҳар  як  сокини  кишвар  эҳсос  менамояд, ки  ташаббускори  ин  ҳама  ободкориҳову  пешравиҳо, таъмини  сулҳу  субот, ваҳдату  якдилӣ, ҳамдигарфаҳмии  миллат аз  ташаббус, заҳматҳои  пайвастаи  ҳамарӯзаи Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон мебошанд.  Дар  ҷумҳурӣ  бо  шарофати  Истиқлолияти  давлатӣ  бо  гузашти  солҳо  мушкилотҳои  ҷойдошта  оҳиста-  оҳиста  бартараф  шуданд. Кадрҳои  маҳаллӣ  тарбия  ёфта, ба  камол  расида  дар  ҳамаи  соҳаҳои  хоҷагии  халқи  мамлакат  кору  фаъолият  намуда  истодаанд.

Ифротгарони  палиди  наҳзатӣ   аз  қабили  Кабирӣ, Аюбзод, Салимпур, Истаравшанӣ, Варқи, Муҳаммадиқболи  Садриддин  ва  дигар  нохалафони  амсоли  онҳо  ҳамчунин  ташкилотҳои  террористии ҲНИ, шабакаҳои  террористӣ аз  ҷумла  (“Ахбор Ком»,  « Паём. Нет», «Ислоҳ.Нет», «Вотокнюз», «Озодандешон», ба  мардум  кӯмак  кардану  ёри  расониданӣ  нест.   Гурӯҳчае, ки  худро «чеҳраи  шинохтаи  тоҷик», «саршиноси  тоҷик», мешуморад ва  дар  интернет ҳамарӯза  ахбори дурӯғу  беасос бофта  чоп  намуда,  рушду  пешрафт,  зиндагии  хушу  хурсанд  ва  аҳлонаи  мардуми  кишварро  нодида   мегиранд, танҳо  туҳмату ҳар гуна  суханони  ноодилонаро  нисбати  Сарвари давлат, Ҳукумат ва  роҳбарони Ҷумҳурӣ  мезананд, ки  аз  ҳақиқат  фасахҳо  дуранд,  бояд  дарк созанд, ки  ин миллат дигар парешон намешавад ва Истиқлолияту  ваҳдати ин мардум  ҳам монанди дарахти  азимест, ки дар умқи замин чунон реша давондааст, ки аз ягон ҳаводиси рӯзгор шохааш, баргаш, танааш, решааш  дигар осеб нахоҳад дид. Тоҷикистон маҳбуби моро акнун тамоми давлатҳои дунё ба расмият шинохтаанд ва эътироф мекунанд. Тоҷикистони мо чун давлати ташаббускору сулҳхоҳ, ваҳдатофар дар тамоми сайёра мумтоз аст. Фарзандони содиқу далсӯзаш тавонистанд ба он мақоми шоиставу сазовор  диҳанд.

Раҳмон  Муродов, муовини  раис -мудири  шуъбаи ташкилӣ ва  кор  бо  кадрҳои Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg