БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛАИ ЗАРАРДИДА БО ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ ТАЪМИН ГАРДИД

ВАХШ. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар  деҳаи Иттифоқ, ки бо сабаби сар задании офати таббие, ки санаи 12-13-уми майи соли ҷорӣ ба амал омада буд, манзилхои истиқоматии сокинон хисороти ҷиддӣ дида, баъзеашон қисман ва баъзеашон пурра хароб гаштанд.

Дар ин роста ба зиммаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, як манзили истиқоматӣ вогузор гардидааст, ки  айни замон корҳои сохтмонӣ пурра  ба анҷом расида, дар вазъияти тантанавӣ манзили истиқоматӣ  ба соҳибаш Розиқов Кароматулло бахшида ба сазовор истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg