
ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии фарҳангӣ зери унвони "Даҳаи тантанаҳо" дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули ҳизбӣ, намояндагони Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, фаъолон ва хурду бузурги деҳа фаъолона иштирок намуданд.
Сараввал масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ дидан намуда, сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз ва дигар шахсони расмӣ ҳозиринро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландию саломатӣ таманно намуданд.
Дар чорабинии мазкур сокинони деҳа рақсу хурсандӣ карда сурудхонӣ намуданд.
Дар поёни маҳфил ба иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ ..." ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.