БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛИ СОХТУ СОЗ ВА ШИНОХТИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

«Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрўз мо дилпурона метавонем гўем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид».

                                                                                                                                                                                                                                                   Эмомалӣ  Раҳмон               

АНДЕША. 9-сентябри соли 1991 Тоҷикистон бо қабули як эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ мустақилияти худро эълон намуд. Бо қабули ин эъломия Тоҷикистон ва халқи тоҷикро роҳи наву пурпечутоб интизор буд, ки хушбахтона таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳони мураккаби таърихӣ гузаштем.

Аз қабули ин санад имсол 30-сол сипарӣ мегардад. 30-сол дар назди китоби таърих кӯтоҳ ҳам бошад, вале барои мо тоҷикон 30-соли сохту соз, бунёду азнавсозӣ ва 30-соли шинохти ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре, ки Пешвои муаззами миллат ќайд карданд “Истиќлолияти давлатї волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тољик дар масири дањ асри охир буда, нишонаи њувият ва озодї, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти баќои миллати соњибихтиёру соњибдавлати тољик мебошад. Тољикистони азизи мо мањз бо шарофати истиќлолият њамчун узви баробарњуќуќи љомеаи љањонї эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо њама махсусиятњои давлатдории муосир арзи њастї намуд”.

Агар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем, роҳи мо на ҳамеша ҳамвор буд. Барои миллати тоҷик солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бениҳоят солҳои мудҳишу даҳшатбор буданд. Зеро қувваҳои мухталифи сиёсӣ мехостанд Тоҷикистонро, ки нав истиќлолияти худро ба даст оварда буд, дубора беҳуввият созанд. Тавре медонем, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуние зуҳур карданд, ки мақсади асосиашон таҳмил намудани идеологияи беруна ба сари давлату ҷомеаи кишвар буд.

Дар оғоз касе суол намедод, ки ин мафкура аз тарафи кадом гурӯҳҳои алоҳида миёни ҷомеа таблиғу татбиқ гардида истодаанд, ҳадафи ниҳоии онҳо чист ва ҷомеаро ба куҷо мебаранд? Посух ба ин суолро миллати тоҷик дар пайи нооромиҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо пардохти гарони ҷониву молӣ дарёфт кард.

Дар як муддати кӯтоҳ дар мамлакат роҳбарияти кишвар зуд-зуд иваз мешуд. Мардум ба давлату ҳукумат дигар эътимоду боварӣ надоштанд.

Дар ин лаҳзаҳои бисёр душвору сангини ба сари миллати ҷафокашида омада бояд нафаре интихоб мегардид, ки давлатро ба пуррагї идора менамуду эътимоди мардумро ба даст меовард ва Тоҷикистонро ба пеш мебурд.

Ба бахти миллати тоҷик ва мардуми Тољикистон дар миёни он гирудорҳо, ки касби мансаби давлатӣ баробар ба ҳукми қатл дониста мешуд, фарзанди далеру шуҷоъ ва ватандӯсту фидоии миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз ҳамон рӯз раванди барқароршавӣ ва пешрафти кишвар расман оғоз шуд.

Пешвои миллат тавонист, ки мардумро сари як ғоя муттаҳид созадмухолифинро барои наҷот додани миллату давлат ҳамақидаву ҳаммаром созад.

Воќеан, Љумњурии Тољикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба туфайли иќдомњои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалї Рањмон ба нобасомонињои дохилї ва буњрони иќтисодию иљтимої хотима бахшида, ба дастоварди бузурги таърихї - иттиҳоди миллї, ризоияти љомеа, фазои мусоиди сулҳу субот, рушди њамаљонибаи иќтисод, баланд шудани сатњи зиндагї ва такомули давлати соҳибистиқлол ноил гашт.

Таҳти роњбарии Пешвои муаззами миллат мардуми кишвар марњилаеро тай намуданд, ки ба чандин дањсолањо баробар аст ва дар ин пешрафту комёбињо сањми њар як фарди бонангу номуси Тољикистон назаррас мебошад.

Инак, 30-сол сипарӣ мешавад, ва табиист ки ҳар Тоҷикистонӣ ба худ меандешад, ки дар ин марҳила мо ба куҷо расидем?

Баъди эъломи истиќлолияти миллї њаёти љомеа ба маљрои нав ворид шуд. Яке аз нишонањои барљастаи он ташаккули андешаи миллї њамчун бозгашт ба асолати таърихї, эњёи арзишњои анъанавии миллї ва дар ин асос ќувват гирифтани раванди худшиносии миллии тољикон мебошад.

Дар даврони соњибистиќлолї мо ҳамчун давлат муќаддасоту нишонаҳои давлатии худро ќабул намудем. Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия, асъсори миллӣ, сарҳадоти давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва ғайра.

Дар даврони соњибистиќлолї Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи стратегиро пеш гирифт ва марҳила ба марҳила онҳоро амалӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва самарабахшии неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат. Ҳамакнун, мардуми шарифи Тоҷикистон љињати расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ  саноатикунонии босуръати кишвар кӯшишу талошҳо намуда истодаанд.

Месазад таакид намуд, ки дар ин давра сохта ба истифода додани нуругоњҳои хурду бузург дар кишвар вусъат пайдо намуда, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи мардуми сарбаланди тоҷик ба сохтмони кохи нур НБО-и Роғун оғоз бахшида шуда, аллакай ду агрегати аввали он ба кор даромадааст. Тавре Пешвои миллат дар маросими ба истифода додани агрегати дуюми НБО-и Роғун баён доштанд “Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ба як давлати неруманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад.”

        Дар даврони соњибистиќлолї тањти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамон садњо таълимгоњњои замонавии бо таҷҳизотҳои муосир љињозонидашуда сохта ба истифода дода шуданд, ки миллати тољик назирашро дар њазорсолањо ёд надорад. Дар чанд соли охири соњибистиќлолӣ  дар  мамлакат садњо километр роњњо, наќбњову пулњои ба меъёри байналмилалї љавобгў сохтаву таъмир шуда, ба ин васила Тољикистон аз бунбасти коммуникатсионї рањо гардид.

Хизматҳои фарзонафарзанди миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соњибистиќлолии Ватан хело бузург аст.

Баргузории ҷаласаҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳониву минтақавӣ дар шаҳри Душанбе, сафарҳои давлативу расмии роҳбарони давлатҳои гуногун аз он шаҳодат медиҳадки Тоҷикистонро дар ҷаҳон мешиносанду бо он ҳамкорӣ кардан мехоҳанд.

Дар 30-соли соњибистиќлолї вилояти Хатлон яке аз вилоятњои калонтарини мамлакат дар таъмини амнияти озуќавории кишвар сањми босазо дорад. Шањри Бохтар маркази маъмурии вилояти Хатлон низ ба яке аз шањрњои зебову обод табдил ёфта, мардумаш бо шукргузорї аз даврони соњибистиќлолии мамлакат умр ба сар мебаранд.

Бо шарофати соњибистиќлолии мамлакат дар баробари дигар кумитањои иљроия дар доираи омодагињо ба љашни 30-солагии истиќлолияти давлатї моњи сентябри соли 2020 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ЊХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Бохтар мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд, ки боиси ифтихори њизбиёни шањр мебошад.

Оид ба омодагии њамаљониба ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон фаъолони њизб дар вилоят, хусусан шањри Бохтар љињати бунёд намудани иншоотњои соњањои маорифу тандурустї, фарњанг, муассисањои иљтимої, таъмири роњњо, зебо гардонидани мањалли зист ва анљом додани дигар корњои созандагї тадбирњои заруриро  андешида истодаанд.     

Дар ҳамин асно, ташкилотњои ибтидоии њизбии шањр дар радифи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, зимнан татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти ташкили корҳои ободонию созандагӣ ҳамчун ташаббус ва ё аксияҳои ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя ҳал мекунем» ва ё «Якҷоя месозем!»-ро ба таври муташаккил ба роҳ мондаанд.

30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо на танҳо маҷмӯи сохтмонҳост, балки рисолат ва ё мактабест, ки Пешвои миллат барои мардуми Тоҷикистон иқдом гирифтаанд, ин мактаби бунёдкорию созандагист, мероси пойдорест баҳри насли оянда ва ифтихорест барои тоҷикони ҷаҳон.

Мусаллам аст, ки дар самти нигоҳдошт ва афзун намудани ин дастовардҳои   сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ фарҳангӣ  ҳизбиён низ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.

Тавре медонем барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чї мақсаду ҳадаф ба куҷо равад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи фаъолияташ собит сохт, ки  метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ намояд.

Дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ, ки 13 декабри соли 2019 баргузор гардид Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ҳизб дар давоми 25 соли мавҷудият ёдовар гардида, иброз доштанд, киробита миёни ҳизб ва ҷомеа тӯли ин солҳо на танҳо устувор гардид, балки сол ба сол тақвияту густариш ёфта истодааст. Дар ин муддат, ҳизби мо ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ аз иҷрои чор вазифае, ки дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дошт, муваффақона баромад: якум - хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дуюм - барқарор намудани сулҳу субот, сеюм - таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва чорум - ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон”.

Дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ таҷлили бошукӯҳи љашнњои умумимилї, бахусус 1100-солагии давлати Сомониён, 3000-солагии Ҳисори шодмон,  2700-солагии Кӯлоби бостонї,  5500-солагии Саразми бостонӣ, гиромидошти абармардҳои форсу тоҷик, аз ҷумла, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мирзо Турсунзода, Сайидои Насафӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абуҳанифа Имоми Аъзам ва ғайра аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоҷик гузаштаро ба имрӯз пайваст намуда, таърихи   пуршарафи худро фаромӯш намесозад ва насли наврасро дар рӯњияи ватандӯстӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба муқадассоти миллӣ тарбия менамояд.

       Баъди  њазорсолањо мањз дар даврони соњибистиќлолї Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси ЊХДТ муњтарам Эмомалї Рањмон аввалин Сарвари миллат њастанд,  ки дарсњои нахустини худшиносии миллї ва ватандўстиву ватанпарстиро дар суханрониву китобњои арзишманди худ, аз љумла:  «Аз Ориён то Сомониён», «Тољикон дар оинаи таърих», «Дин ва љомеа», «Мавлоно ва тамаддуни инсонї» ба њамватанону оламиён пешнињод кардаанд. Ба хотири сарљамъиву вањдати миллат  нахустин шиорњои  пур аз мењр ба Ватан-Тољикистони азиз аз забони Пешвои миллат садо додаанд ки: «Мо як Ватан дорем, ки номаш Тољикистон мебошад!»  ва ё «Тољикистони озоду соњибистиќлол-Ватани мањбуби њамаи мо!»  аз љумлаи онњост.

         Хушбахтона имрўз Точикистон дар миёни давлатњои дунё аз љињати амнияту осудагї дар љойи намоён ќарор дорад ва табиист, ки дар њолате, фарзандону бародарони мо дар муњољирати мењнатианд, падарону модарон, занону хоњарону додарон, бобову бибињояшон дар Ватан орому осуда зиндагї доранд ва ин оромиву осудагии онњо аз љониби Давлат ба таври доимї њифз карда мешавад. Ба ќадри ин неъмати худодод бояд бародарони муњољири мо, ки дар берун аз Ватан ќарор доранд расанд. Имрӯз мебинем, ки баъзе бадхоњони давлат аз муњољирони мо сӯистифода карда, мехоњанд онњоро гумроњ намоянд. Бинобар ин, таъмини оромиву осудагии Ватан ќарзи имониву шањрвандии њар як фарди бонангу номуси тоҷикистонї мебошад, агарчї дар Точикистон аст ва ё дар хориљи он. Ваќте ки дар бораи дастовардњои бузурги даврони соњибистиќлолї њарф  мезанем барои мардуми Ватандору боору номус хеле дилнавозу фарањбахш садо медињанд, вале ба бадхоњони  давлату миллат намефорад, чунки  њаќиќату адолат  барояшон гўшхарош аст. Таърих гувоњ аст, ки нияту амалњои  неки бузург дар дунё яку якбора иљро нашудаанд. Воќеањои охир, ки дар њамсоякишвари мо Авѓонистон ба амал омаданд, барои мардуми мо дарси ибрат аст. Дар  роҳи ободиву озодии Ватан саҳми ҳамагон зарур аст. Дар ин ҷода ба бетарафӣ, бегонапарастиву бегонафитратӣ ҷой нест. Пеши роҳи онҳоеро бояд бигирем, ки дар ин Ватан ҳатто барои худу волидайнашон ҳам як  хиштро болои хиште нагузоштаанду дар ҳама ҷо ва аз ҳамаи воситаҳо барои сиёҳ кардани давлати ҷавони Тоҷикистону Сарвари он  туњмат мезананд.

Дар охир аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи раёсати Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Бохтар њамаи њамватанон, аъзо ва љонибдорони њизбро ба муносибати фарорасии 30-солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон табрику тањният менамоем. Боварии комил дорем мо масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар маљмӯъ тамоми сокинони сарбаланди мамлакат дар амалї намудани нияту ормонњои созандаи Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ҷиҳати таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ ва пойдории соњибистиќлолии Тољикистони азиз тамоми кӯшишу ѓайрати худро равона менамоем.

Поянда бод Тољикистони азиз!  

Иброҳимзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg