ШАҲРИТУС. Аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия дар толори ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Усмонов Қаҳор, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Ҷабборова Гавҳарой ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов, раисони деҳаҳо, имомхатибони масҷиди панҷвақта, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ ва фаъолони ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов маҷлис, вобаста ба баргузории чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Даҳаи тантанаҳо» доир гардид.
Дар маҷлис оиди баргузории чорабиниҳои тантанавӣ, ки дар он иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ҳизб, собиқадорон ва дигар қишри фаъоли ҷомеа ҳатми буда, инчунин баромади шахсони расмб дар мавзӯъи «30-соли дастовардҳо», намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангӣ, қадрдонии фаъолон ва супоридани шаҳодатномаи ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, оиди созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тавсеа бахшидани анъанаҳои миллӣ, таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ, инчунин оиди давраи пандемияи ҷањонӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва бо мақсади риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ, пешгири намудани аз касалии сироятӣ баргузор гардид.