ҶАЙҲУН. Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани аксияҳои ҳизбӣ, аз ҷумла корҳои ободонӣ ва зебогардонӣ бахшида ба ҷашни 30- солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ сохтмони бинои маъмурии “Фонди нафақа” бо шиддат рафта истодааст.
Тибқи гуфтаҳои масъулин ва сохтмончиён, бино дар ҳаҷми 2 ошёна сохта шуда, дорои симои зебо ва шароити хуби корӣ барои кормандон хоҳад гашт.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки баъди ба фаъолият оғоз намудани ин иншоот, сатҳу сифати хизматрасониҳо ба хоҷагии халқ бо маротиб афзуда, туҳфаи беназире дар истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мегардад.