Н.ХУСРАВ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои ташвиқотиро оид ба ободонию амалисозии Аксияҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ намуда истодаанд. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ва дастгирии сокинон бо иштироки аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии деҳаи Тулаганов Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор намуда, роҳи даромади деҳаро, ки хело вайрону валангор шуда буд, ба масофаи зиёда аз 2 километр бо мумқири сиёҳ пур намуданд.
Архивӣ Моҳона
- Июн 2020 (711)
- Май 2020 (582)
- Апрел 2020 (436)
- Март 2020 (204)
- Феврал 2020 (1058)
- Январ 2020 (725)
- Декабр 2019 (351)
- ноябр 2019 (452)
- Октябр 2019 (540)
- Сентябр 2019 (487)