БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ СОЛИМИИ МИЛЛАТ – ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Ба муносибати Рӯзи кормандони тиб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарзи ташаккули ҳаёти солим”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия баргузор гардид.

Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро зарур мешуморад.

Дар баробари дигар омилҳои хатарзо паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО (ВИЧ СПИД) гепотит ва бемории сироятии коронавирус бисёр ташвишоваранд. Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурист.

Мо ҳизбиён вазифадорем ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост ва бояд пеш аз ҳама маданияти муносибати ҷомеаро ба гирифторони ин бемориҳо баланд бардорем.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳия кормандони соҳаи тибро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg