
ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ бо иқтибосҳо аз маърӯзаҳои олимони соҳаи тандурустӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус суҳбат намуда, ба онҳо ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таъкидӣ тақсим намуданд.