ВОКУНИШ. Имрӯз шахсоне, ки ба гурӯҳҳои экстремизму терроризм шомил мешаванд, дорои сатҳи пасти саводи дунявӣ ва динӣ мебошанд ва илова бар ин, мушкилоти иқтисодӣ доранд, вале касбу кори муайян ва доимӣ ҳам надоранд.
Онҳоро навкар ё мардикори муздур меноманд, кадом кореро, ки ба онҳо фармоянд, барои гирифтани дастмузд иҷро мекунанд. Чунин афрод бештар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, аз таъсири бади ғурбати рӯзгор андеша ва ҷаҳонбинии устувор ҳам надоранд.
Ин тоифа ба осонӣ туъмаи осон барои таблиғгарон ва ҷалбкунандагони гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла гурӯҳи 24 ва Паймони миллии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Муҳиддин Кабирӣ ба уҳда дорад, мешаванд.
Созмон додани фазои солими тафаккуру андешаи динӣ, ташаккули ҷаҳонбинии дунявӣ, пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва беҳтар намудани сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма, баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва назариявӣ-методологӣ, нашри маҳсулоти чопии зарурӣ, мақолаҳои илмию таҳлилӣ, вокунишҳои саривақтии тахассусӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар сатҳҳои гуногун пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки кишвари мо дар шароити кунунӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои усутувор пеш рафта истодааст ва дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Аз ин рӯ, «бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем». Бо боварӣ метавон гуфт, ки чорабинии имрӯза барои татбиқи амалии сиёсати давлатии кишвар дар соҳаи амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди равандҳои номатлуби экстремизму терроризм ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Гурӯҳи шахсоне низ ҳастанд, ки дар шароити нав бо мушкилиҳои гуногун дар зиндагӣ, ба мисли карзҳои бонкӣ, амалҳои коррупсионӣ дар муассисаву корхонаҳо ва дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будан мувоҷеҳ шудаанд. Онҳо аз тариқи пайвастан ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ мехоҳанд нуқсону камбудиҳои худро рӯйпӯш кунанд ва аз фазои мушкилзои зиндагии худ дуртар фирор карда, худро қаҳрамон ва адолатҷӯ нишон доданӣ мешаванд.
Мо ҷавонони зодаи Истиқлолият, ки давлату ҳукумат такя ба мо ҷавонон дорад ҳаргиз фирефтаи падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир – терроризм, тундгароии хушунатомез ва ифротгароии динӣ нахоҳем шуд.
Сафархони Муҳаббат, мудири шуъбаи молия- сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар н. Восеъ