ТЕМУРМАЛИК. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо усули “Хона ба хона” дар Маҳаллаи №3 – и Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан, риоя кардани гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии дубораи бемории COVID – 19 ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.
Ҳамзамон, аз тарафи намояндагони ҳизбӣ ба сокинон ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.