ПАНҶ. Аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрӣ гузаронида шуда, бо усули “кӯча ба кӯча” дар кӯчаву роҳравҳои маҳалла, ки сокинон бениқоб сайругашт мекарданд, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус маводҳо, аз қабили ниқобҳои тиббӣ, варақаҳои иттилоотӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ дастрас карда шуд.
Инчунин, бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия қайд карда шуд, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар ҷойҳои серодам аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.