БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ, САДОҚАТ БА ВАТАН !

Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,

Авроди забони ман каломи Ватан аст,

Ман восифи ишқи Ватани маҳбубам,

Феҳристи китоби ман мароми Ватан аст.

АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки ҳамеша дар марҳалаи гузариш ба шакли нави тараққиёт дар саргаҳи раванди иҷтимоӣ ва давлатсозӣ абармарде зуҳур мекунад, ки ҷаҳду талош, ҷасорату рӯҳи шикастнопазир, дарку эҳсоси баланди худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасот дар шарёнашон ҷӯш мезанад. Дар масири обод намудани Ватан масъулияти роҳбарии корвони сиёсатро ба дӯш доштан кори саҳл нест, вале мо занон бо илҳом аз дастовардҳои Тоҷикистони азиз бо Сарварии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он андеша ҳастем: То он даме, ки Пешвои муаззами кишвар ва ҳизби мо раҳнамои мардум аст, Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони пешрафтаву шукуфон аст ва Эмомалӣ Раҳмон Пешвои самимию мардуми ҳамаи мо Тоҷикистониён аст!

Ин афкори созандаро гурӯҳҳои ташаббускори занону ҷавонон ва зиёиён, ки дар байнамон фаъол аст, дар тамоми чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо  ҷавонону наврасон тарғиб намуда истодаанд. Дар ҳамин замина самти асосии мо занон хусусан собиқадорону  масъулин бурдани тарғибу ташвиқи сиёсати устувори Роҳбари давлат, ҳидояти мардум ба ободкориву таҳкими худшиносии насли ҷавони созандаву бунёдкор ва ҳадафҳои устуворе арзёбӣ мешаванд, ки ҳамасола дар Паёми Роҳбари давлат муайян ва мушаххас мегарданд.

Имрӯзҳо ҷавонон дар рушди давлатдории миллӣ содиқона хизмат намуда истодаанд. Яъне,  тамоми мардум устуворона дар атрофи ғояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол –Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид шудаанд, ки ин беҳтарин интихоб ва омили муҳими якдилию якмаромии мо сокинон, алалхусус ҷавонони сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосои рӯйи замин аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – масъулон, хусусан гурӯҳҳои фаъоли таблиғотӣ  сиёсати давлатиро чунин ҳушдор намудааст: «Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи Истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд».

Бинобар ин ҳар яки мо сидқану виҷдонан бояд дарк намоем, ки ҳифзи дастоварду музаффариятҳои давлату миллат бар дӯши якояки мо вогузор аст.

Мо занону модарон  бо дарки масъулияти баланди мақоми худ дар ҷомеа, ки тарбиятдиҳандагони миллату давлат ва Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо ба ҳисоб меравем, итминони комил дорем, ки тамоми пешрафт ва таҳаввулоти ҷомеаи навини Тоҷикистони азиз бо роҳбарии тавонманди ҳизби мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дорад,ба қуллаҳои баланди мурод мерасем.

Пас  Садоқат ба Президент, Садоқат ба Ватан аст, самимият ба Президент самимият ба миллат аст, арҷгузорӣ ба ташаббусҳои Президент арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллист.

Биёед, ҳамватанон хишти нангу номуси ватандориро болои хишти хештаншиносӣ зам карда, девори ифтихори миллии худро баландтар бардорем ва устувору побарҷо намоем. Ин роҳи ягонаи таъмини ҳар шаҳрванди кишвар ба шароити арзандаи зиндагист.

Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки якпорчагии Ватани азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем ба муқаддасоти давлату миллат арҷ гузорем, ҷавонону наврасонро, ба роҳи рост ҳидоят намоем, барои Тоҷикистони азизамон ҳамеша саҳмгузор бошем.

Барои расидан ба ин ҳадафи арзишманду олӣ ба ҳамаи Шумо устуворӣ, зиракии сиёсӣ, осмони софу беғубор, сулҳу осоиштагӣ ва амнияти кишвару муваффақиятҳои беҳадду сарҳадро таманно дорам.

Каниева Низора, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg