КӮШОНИЁН. Дар майдончаи варзишии Ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Исмоилӣ Сомонии ноҳия бо мақсади дарёфти “Ҷоми Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни ҷавонони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти С.Истиқлол, Меҳнатобод, Навбаҳор ва Ҷамоати деҳоти Заргар бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён мусобиқаи Футбол баргузор шуд.
Масъулин, пеш аз баргузории бозӣ чанде аз фаъолияти ҳизб бо варзишгарон суҳбат карда, қайд намуданд, ки баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва машғулияти ин қишри ояндасоз бо варзиш нақши муҳим дорад.