КӮЛОБ. Ҷиҳати дар сатҳи баланди варзишӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ДУЮМИ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” миёни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ дар шаҳри Кӯлоб марҳила ба марҳила баргузор гардида истодааст.
Ин навбат дастаҳои “Пахтакор” – и ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва “Зракии ” – и ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо ҳам сабқат намуда, дар натиҷа бо ҳисоби 2 бар 1 бозӣ ба фоидаи дастаи “Зиракӣ” хотима ёфт.
Мавриди зикри хос аст, ки даври дуюми мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои деҳаҳои ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб идома дорад.