КӮЛОБ. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили хонандагон дар соли нави хониш ва ҳамзамон, дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ бомаром идома доранд.
Бо ин мақсад, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” корҳои таъмиру азнавсозии синфхонаҳо ва роҳраву толорҳои варзишии муассиса бо суръати баланд ҷараён дорад.
Бояд гуфт, ки корҳои таъмиру азнавсозӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” амалӣ гардида истодаанд.