БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НАБОЯД ФИРЕФТА ШАВАНД

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки “ Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду  воқеаҳои  даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни  ҷаҳон идома дорад. Тавсеаи миқёси терроризм  ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои  мусаллаҳонаи мазҳабӣ,  ҷинояткории муташакили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари  ҷиддӣ эҷод карда истодааст.

Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву  ифротгаро  ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои  доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми  сайёраро зери хатар қарор додааст.

Мубориза ба муқобили терроризм  ва экстремизм қисми таркибии  таъмини  амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу воситаҳои он ба таври  мушаххас ва муътамад дар “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат  ба экстремизм ва терроризм барои  солҳои 2016 – 2020” инъикос ёфтааст. Боиси нигаронист, ки бо ин  гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ бо  ваъдаҳои дурӯғин кишида мешаванд. Мутаасифона миёни ин фирефташудаҳо  ҷавонони тоҷик низ ҳастанд. Чӣ онҳоро  водор мекунад ба сафи ин  ҷаллодону  қотилон пайванданд? Мубориза барои тавсеаи ғояҳои  дини мубини ислом, ки хоҷагони  пасипардагӣ ин муборизаро ҳамин тавр маънидод  мекунанд.

Мо, ки аз ҷумлаи 9 – миллион насли ҷавони Тоҷикистон ҳастем, ин ҳама ваҳшоният ҷаҳолат ба даҳшат меорад, ки миёни онҳо ҷавонони  тоҷик низ ҳастанд. Имрӯз ҳар яки мо ба гирду атрофи худ нигариста муқоиса менамоем, ки зодгоҳи ҳар яки мо 20 – сол пеш чӣ гуна буд, ҳоло чӣ симои зебое ба бар намудааст. Ободиҳое, ки тӯли ин солҳо дар кишварамон ба амал омадаанд, қиёснопазиранд.  Он ҷавонон гумроҳшуда, ки бояд дар  сафи ободкорон бошанд, на дар сафи одамкушону ғоратгарони гурӯҳҳои ба ном  “Муборизони  роҳи ислом”.  

Имрӯз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон  тамоми шароит ҷиҳати таҳсилу касб омӯхтан муҳайёст.

Бояд хонд, ҳунар омӯхт ва аз пайи  кор шуд, оилаи ободу зебое барпо кард. Меҳнате, ки ба нафъи Ватан мекунем, ба нафъи  оилаи худ низ ҳаст. Зеро асоси ҷомеа  аз оила ташаккул меёбад. Афсӯс мехӯрам аз он ҷавонони фиребхӯрда, ки нерӯи ҷавониашон на сарфи ободии меҳан, балки  куштори мардуми бегуноҳ, харобкорӣ сарф мегардад.

Меарзад, ки  мушаххасан аз ҳадафҳои нопоки баъзе аз ҳаракатҳои  иғвоангез, ки зери ниқоби ислом баромад мекунанд, ёдовар шавем. Яке  аз онҳо ҲНИ мебошад, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ элон шудааст. Мақсади манъ намудани  фаъолияти ҲНИ дар Тоҷикистон аз нигоҳ доштани амният дар кишвар аст, зеро аъзоёни ҲНИ бо ақидаҳои иғвоангези худ миёни мусулмонони кишвар тафриқаандозӣ мекунанд. Меарзад дар бораи ояндаи миллат  андеша ронда, пеши роҳи саркардагони ин ҳизбро гирифта  ваҳдати миёни мардумонамонро халалдор нанамоем ва кишвари  азизамон Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо намуда, фарзандонамонро дар рӯҳияи  ватандӯстиву асолатгароии миллӣ тарбия намоем.

Воҳид  Дилафрӯз   Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg