ВАХШ. Тавре огоҳем, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурии соҳибистиқлоламон корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.
Бо мақсади саҳмгузорӣ дар ин ҷашни муқаддас як нафар аз зани соҳибкори ноҳияи Вахш Раҷабова Инобат корхонаи истеҳсолию хизматрасониро ба истифода дод.
Номбурда дар корхонаи мазкур зиёда аз 30 нафар занону духтарони хонашинро ба кор ҷалб намуда, ба онҳо касбу ҳунарҳоро меомӯзонад.