БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНТАНАҲОИ ИДОНА ДАР “УРГУТМАҲАЛЛА”

БОХТАР. Шоми дирӯз дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар “Ургутмаҳалла” чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он муовини раиси шаҳри шаҳри Бохтар Қурбонзода Н., раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Н., намояндагони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Нахсут, дар кӯча ба номи Ӯлмас Ҷамом парда аз лавҳаи ёдгорӣ ба хотири ин шоири ӯзбектабори тоҷикистонӣ гузошташуда бардошта шуда, ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои сокинони маҳалла дидан намуда, ба намоишгоҳ баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ ҳунарҳои дастӣ, кандакорӣ, рассомӣ, анъанаҳои мардуми ургут ва дигар ҳунарҳои дастӣ ба намоиши гузошта шуд.

Сипас, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Н., шоир Чӯпон Бадали Ванҷӣ ва дигар шахсон суханронӣ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва 30-юмин солгарди соҳибистиқлолии кишвар шодбош гуфтанд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳабрияти ҲХДТ дар шаҳри Бохтар чунин чорабиниҳо дар дораи ҳамкори бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимитяи давлатии шаҳри Бохтар ташкил ва гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg