БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Истиқлолият! 30 сол мешавад, ки ин калима вирди забони мардум аст. Истиқлолият барои мо тоҷикон хеле азизу гиромӣ ва боқадру қиммат аст. Мо ба қадри ин гавҳари ноёб, меваи ширини давлату миллат мерасем. Ҳамаи давлатҳо барои ба даст овардани Истиқлолият талош меварзанд.

Даврони Шӯравӣ беш аз 70 сол идома ёфту зиндагӣ бад набуд, вале мо неъмати Истиқлолро начашида будем, намедонистем, ки Истиқлолият чист, ва чӣ арзишро дорост. Мо худ, ки аслан миллати ватандӯсту худогоҳ, хештаншинос, баору номус ва давлатдидаву ҷафокашида будем, аз нобасомониҳои ба сари миллат омада наҳаросидем. Давлати навини худро таъсис додем, соҳибистиқлолият, мустақилият ва озод гаштем.

Нохалафон, душманони миллат аз ин ҳаросида моро ба доми ҷанги бародаркуш кашиданд. Тақдири талх насибамон гашт. Боигарӣ, инсон ва Ваҳдат аз даст рафт. Ноумед гаштем, дар ба дару фирорӣ.

Баъди заҳматҳои зиёд, кӯшишу ҷидду ҷаҳдҳо, гуфтугузорҳои тӯлонӣ, ташвиқу тарғиби сулҳу амонӣ, ваҳдату бародарӣ чун қатраҳои об якҷо шудем, якмарому якмаслак гардидем. Ваҳдат, ваҳдати комил, ҷавҳари миллӣ боз ба ҷои худ омад. Тоҷикистон аз нав субҳи саодатро пазируфт.

Имсол 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. 30 баҳори озодӣ, 30 баҳори Истиқлолият ва соҳибватанӣ. Ҳамаи ин ба шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ватани мо диёри биҳиштосо, сарзамини гузаштагони муқтадиру номдор ва миллати тоҷдор аст. Дигар ба навои бегонае гӯш намедиҳем, озоду мустақилем.

Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ корҳоеро анҷом додем, ки дар 70 сол ҳатто орзуяшро надоштем. Нақбҳои пайвандгари давлату инсонҳо, тарҳи зебои шаҳрҳо, биноҳои серошёнаи замонавӣ, иншоотҳои сернуфуз ва садҳо мактабу донишгоҳҳо.

Истиқлолият дари бастаи ҳамсоягонро кушод, байни давлатҳо пули дӯстиву рафоқат ва сулҳу ваҳдатро боз намуд. Шукри Истиқлолият, ки бароямон озодиву соҳибихтиёриро ато намуд. То ин вақт кам оламиён медонистанд, ки Тоҷикистон ном давлат вуҷуд дорад. Имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 140 давлати дунё эътироф намудаву роҳбари давлатамон аз минбарҳои баланди Созмони Миллали Муттаҳид борҳо баромадҳои пурмуҳтаво намудааст.

Ба диёри азизам, ки имрӯз бо сарвари матиниродаву сулҳу ваҳдатофаринаш дили моро тасхир намудааст. Ватанамонро ободу миллатамонро пойдор нигоҳ доштааст. Мо ҳам мефахрем аз фарзандони фарзонаи давлати хеш ва ифтихор мекунем аз давлату миллати худ, аз Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол.

Собиров Д., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кӯшониён                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg