БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ БО ТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба иди  касбии  табибон  дар  Кохи  фарҳангӣ  ноҳия   бо  иштироки  кормандони  соҳаи  тиб, роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳо, раисони  ташкилотҳои  ибтидоӣ, роҳбарияти  ноҳия  ҷаласаи  тантанавӣ  бахшида  ба  таҷлили  Рӯзи  кормандони  соҳаи  тиб   баргузор  гардид.

    Ҷаласаи  тантанавиро раиси  ноҳия  Нишонзода Д.Н  ифтитоҳ намуда, кормандони  соҳаи  тиби  ноҳияро  ба  иди  касбиашон  табрику  муборакбод  намуд.

   Раиси  КИ ҲХДТ  дар  ноҳия  Ализода  С. Ҷ. дар  ҷаласа  баромад намуда, қайд  намуд, ки ҳамаи  кормандони  соҳаи  тибби  ноҳия  аъзои  ҲХДТ  мебошанд, ки  дар  амали  намудани  ҳадафу мақсадҳо  ва  кору  пайкори  созандаи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон   баргузор  намудани  корҳои  созандагиву  бунёдкорӣ бахшида  ба  ҷашни  30  солагии  Истиқлолияти   давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ва  дар  ростои  «Ободии Ватан-саодати  мост!» бо  масъулияти  баланд ҷаҳду  талош  варзида  истодаанд. Ҳамаи  кормандони   соҳаи  тибро  ба  муносибати  иди  касбиашон  “Рӯзи табибон” табрик  намуда  ба  онҳо бурдбориҳо  таманно  намуд. 

      Як  гуруҳ  кормандони  тибби  ноҳия бо  ифтихорномаҳои  ҳизбӣ  сарфароз гардонида  шуданд.

   Аз  ҷониби  кормандони  бахши  фарҳанги  ноҳия ба иштирокдорон  ҷаласа  барномаи  ҷолиби  фарҳангӣ  пешниҳод  гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg