Н.ХУСРАВ. Аксияҳои ҳизбӣ оид ба роҳҳои пешгирии сироятёбӣ аз вируси КОВИД-19 миёни сокинон ҳамарӯза роҳандозӣ гардида истодааст.
Ин навбат намояндагони ҳизбӣ дар ҳудуди деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иштироки кормандони соҳаи тиб бо усули «хона ба хона» ташриф оварда, аз паёмадҳои вазнини коронавирус ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки риояи қоидаҳои беҳдошти санитариро дар хонадонаш ба роҳ монда, шустани дастон бо собун ва истифодаи маводҳои антсептикӣ, ниқоби муҳофизатиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаромӯш насозанд.