БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД: ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонӣ бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат бо аҳолӣ дар бораи  риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист ба сокинон  маслиҳатҳои муфид дода шуда, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботӣ дастрас карда шуд.

Ҳамзамон масъулин дар охир оид ба саривақт гузаронидани кишти такрорӣ низ бо сардорони оилаҳои суҳбат намуда, таъкид карданд, ки  барои фасли зимистони дарпешистода маводи ғизоиро ба таври кофӣ захира намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg