БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ: ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Адрасбофон” – и ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид қайд намуд, ки самаранок истифода кардани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии дубораи  бемории COVID - 19  ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

Инчунин, ба якчанд нафар, ки хоҳиши аъзо шудан ба ҲХДТ – ро доштанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg