ШАҲРИТУС. Аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати шаҳраки Шаҳритус маҳаллаи Истиқлол кӯчаи ба номи Ҳамро Бобоев бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир намуданд.
Дар рафти суҳбат намояндагони ҳизбӣ вобаста ба моҳияти ваксинагузаронӣ бар зидди бемории коронавирус, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, бо мақсади пешгирии ин беморӣ андешаронӣ карда, ба ҳар яки сокинон маводҳои таблиғотӣ ва ниқоби муҳофизатиро дастрас карданд.