БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КАСБИИ ТАБИБОН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар беморхонаи марказии шаҳри Левакант бахшида ба Иди касбии кормандони тиб ҷаласа доир гардид.

Дар ин чорабинии идона раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар оғози чорабини Давлатзода Зарина сараввал ҳама кормандонро сидқан бо иди касбиашон табрику таҳният намуда, барои онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти кориашон муваффақияту бурдбориҳоро орзу намуд.

Дар ин замина бархе аз кормандони муассисаро, ки дар пешгири ҳамчунин ҳангоми пандемияи коронавируси нави COVID -19 корҳои назаррасро баҳри нигаҳдории тансиҳатии аҳолии ҷумҳурӣ ба анҷом расонидаанд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи консертӣ хотири табибонро шод гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg