БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАҚ НИҲОН НЕСТ, ВАЛЕ ХИРАНИГОҲОН КӮРАНД

ВОКУНИШ. Баъди воқеаҳои нохуши солҳои  1992-1997 бар асари ҷанги дохилӣ кишвари азизамон- Тоҷикистон хисороти ҷонию молии зиёд ба бор овард. Роҳбарияти кишвар, махсусан  Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мардумро сарҷамъ карда, барои ободонию бунёдкориҳо дар кишвари азизамон сафарбар намуд. Имрӯз Тоҷикистон-Ватани маҳбуби мо дар тӯли даврони истиқлолият дар кадом сатҳ қарор дорад, ба ҳама маълум аст.

Вале онҳое, ки ташаббускори ҷангҳои онвақта буданд, боз дар пайи халал расонидан ва расидан ба мақсадҳои зишту нопоки худ ҷаҳду талош доранд.

Аммо ин гурӯҳҳо, ҳарчанд медонанд, ки дар Ватан ҳамагон онҳоро мешиносанд, аз аъмоли зишташон огаҳ ҳастанд, боз роҳи туҳмату буҳтону кинапарвариро ба ҳукумати имрӯза, роҳбарияти давлат пеша карданд. 

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми Тоҷикистон дар як фазои орому осоишта зиндагонӣ доранд.

Эмомалӣ Раҳмон пеш аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳеҷ гоҳ боварӣ надошт, ки Роҳбари давлат интихоб мешавад. Аз он ки Худо ва вакилони онвақта  ӯро хуб шинохтанд, дар Иҷлосия ӯро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, яъне мансаби аввали давлатӣ  бо хости Худо ва мардум ӯро ёфт, на ӯ мансабро.  Ин дар ҳоле буд, ки ягон кас роҳбарии Тоҷикистонро ба ӯҳда намегирифт.

Бояд софдилона изҳор кард, ки барои Эмомалӣ Раҳмон ҳам он вақтҳо ҷону тан лозим буд, вале ӯ худро бе халқ, бе миллат, бе Ватан тассавур карда наметавонист. Бо мадади Худо ва мардуми бофарҳангу ватандӯсту инсонсолори кишвар ӯ ба мақсади худ расид: мардумро муттаҳид сохт, гурезагонро ба Ватан баргардонд, ҷангу хунрезиро хотима бахшид, сулҳу ваҳдатро    бунёду барқарор  намуд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби роҳбарони қувваҳои бархӯрд, чӣ мухолифину чӣ ҳукумат, инчунин шахсони мусоидаткунанда ба имзо расонида шуд. Он вақтҳо ашки шодӣ дидаю рӯйҳои тоҷикистониёнро мешуст, гӯё гарди чанг ва ғубори хунрезиҳои гӯшношуниду даҳшатбори ҷангро аз вуҷуди ҳар як ҳамватани мо тоза мекард.

Ҳарчанд борҳо давлату ҳукумати Тоҷикистон гуноҳашонро  борҳо авф карда бошад ҳам,  онҳо ба хулосае наомаданд, боз дар пайи халал расонидани оромии Ватан, расидан ба мақсадҳои зишту нопоки худ мезананд.

Роҳбарони фирории  ТТЭ  ҲНИ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун  фирор карда, дар Аврупо паноҳ бурда, барои мабалғҳои  бедардимиёнро ба даст овардан дар  расонаҳои хабарӣ маводҳои беасосро паҳн мекунанд, ки гӯё гуноҳе накардаанд. Лекин, ба ин  суханони беасоси онҳо дар Тоҷикистон касе  бовар намекунад. Зеро ҷиноятҳои сангину хиёнатҳои нобахшидании ҳизби  наҳзат ба мардуми кишвар  маълуманд ва бо далелу санадҳо гуноҳҳои онҳо исбот гардидаанд.

Ҳамчунин,  ин фирориёни наҳзатӣ аз фаъолияти террористиву ифротии худ даст накашидаанд. Аз тарафи дигар онҳо  мустақил нестанд ва маҷбуранд,ки супоришҳои маблағгузорони худро иҷро кунанд. Пулу моли бедарди миён  бадастомада чашми  онҳоро хира кардааст. Барои зиёд намудани сафи худ ва сафед кардани гуноҳҳояшон дар сомонаҳои интренетиашон маводҳоеро паҳн мекунанд, ки хусусияти ифротӣ дошта зидди манфиатҳои Ватану миллат мебошанд.

Инак, аз он рӯзи муборак, яъне Истиқлолият то ин дам 30 сол сипарӣ шуд. Тоҷикистон дар ин муддат ба дастовардҳои бузурге мушарраф гардид. Сулҳу Вахдат ва ягонагӣ меваҳои ширину шаҳдбори худро ба мардуми Тоҷикистон ҳадя кард. Бубинед, эй ҳамватанон, Тоҷикистон, пойтахти он, кулли шаҳри деҳоту маҳаллаҳои он чӣ гуна шукуфону гулафшон шудааст. Фардо Ватани азизу халқи шарифи мо на фақат  барои тоҷикистониён, балки барои тамоми мардуми ҷаҳон меваҳои тару тозаи худро эҳдо хоҳанд кард. Ин ҳама натиҷаи хизматҳои таърихии фарзанди баруманди тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз якояки мардуми Тоҷикистон пешрафту рушду тараққиёти кишвари худро таҳти роҳбарии ин фарзона фарзанди наҷиби халқу миллат бо чашмони худ дида истодаанд. Хуб медонанд, ки мақсаду мароми ягонаи ҳукумату давлати Тоҷикистон, бахусус, Сарвари он Эмомалӣ Раҳмон расидан ба зиндагии шоистаю бофароғати халқ мебошад. Дар роҳи расидан ба ин мақсад  маҳз, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвар халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоишу оромиш ба меҳнати содиқонаю суботкорона ва бунёдкоронаю созанда камари худро мустаҳкам  баста, дигар ба васвасаю хиранигоҳии ҳеҷ кас, ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg