НОРАК. Ободу зебо гардонидани маҳалли зист, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, мунтазам гузаронидани шанбегиҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва ташкилотҳои ибтидоии корхонаву муасисаҳои шаҳр шанбегии дастаҷаъмона баргузор намуданд.
Дар ин рӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва ташкилотҳои ибтидоии шаҳр ҷиҳати рушду ободонии маҳалӣ худ ба ҳашари умумӣ баромада, атрофи бинои Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Норак ва ҳамчунин гирду атрофи назди хонаҳои баланд ошёнаро тозаю озода намуданд.