БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НИШОНИ ҲУВВИЯТ ВА ОЗОДӢ

АНДЕША. Миллати кӯҳанбунёди тоҷик пас аз ба даст овардани истиқлолият бо тамоми нерӯмандӣ ва кӯшишу ғайрат аз сари нав тамаддун анъана ва фарҳанги ниёгонро зинда сохта баҳри пешрафти созандагию ободкорӣ ва муаррифӣ дар арсаи байналмилалӣ саҳми родмардони Ватан ва мардуми фарҳанги володошта мебошад. Имрӯз истиқлолияти тоҷиконро бо пойдории сулҳу субот ва оромиву осудагӣ тамоми ҷаҳон мешиносанд аз ин хотир ҳар фарди комилҳуқуқи ҷомеаро мебояд ин гавҳари ноёбро бо тамоми ҳастӣ ҳифз намоем.  Зеро  зиёданд давлатҳои абарқудрате, ки солиёни зиёд дар орзуи ба даст овардани истиқлолият мебошанд, вале кӯшишҳояшон бе натиҷа мемонад. Шояд назари Худованд бошад, ки Тоҷикистон дар як муҳлати кӯтоҳтарин соҳиби чунин неъмати бебаҳо гардидааст.

Ҷаноби Олӣ аз он рӯзе, ки сари қудрат омаданд, аввал баҳри рушду нумуи ояндаи миллат назар ба маориф андухтанд.  Мактабҳои  сӯхтаву валангоргашта, дабистонҳои вайронаю дарахтони аз шамоли ҷаҳл бишкастаро дида соҳаи маорифро дар мадди аввал гузоштанд. Имрӯз маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта,  рӯз ба рӯз рушд карда истодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мактабҳои зебову замонавӣ бо компютеру доскаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида ва хонандагони болаёқатро бо стипендияи Президентӣ таъмин менамояд.

Имрӯз омӯзгорон бо тамоми ҳастӣ ва дили гарм дар муассисаҳои таълимии барҳаво фаъолият карда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда истодаанд ва маҳсули меҳнати омӯзгорон аст, ки шогирдони мо дар олимпиадаҳо иштирок намуда, аз давлатҳои хориҷа бо медалҳои туллову нуқра  баргаша истодаанд.

Имрӯз насли хештаншинос хуб дарк кардаанд, ки Истиқлолият нишони ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва асоси бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик аст.

Маснавиева Фазиламоҳ,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg