БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ДАВРИ ДУВВУМИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД ДАР КӮЛОБ

КӮЛОБ. Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо мактабҳои варзишии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ марҳилаи дуюми мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” марҳила ба марҳила баргузор гардида истодааст.

Бо ин мақсад дирӯз дастаҳои “Шоҳин”-и маҳаллаи Ш. Шоҳин ва “М. Ибронов”- и ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо ҳам сабқат намуда, дар натиҷа бо ҳисоби 9 бар 1 бозӣ ба фоидаи дастаи “Шоҳин” хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои  деҳаҳои ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб идома дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg